Пешбинии маблағҳои зарурӣ
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» ғамхории органи қонунбарори давлатӣ дар ҳаққи нафақахӯрон мебошад.Тибқи шарҳу тавзеҳи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, бо қабули лоиҳаи қонуни мазкур корфармоён вазифадоранд барои кормандоне, ки дар корҳои дорои шароити махсуси меҳнат ва намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ кор мекунанд, аз ҳисоби маблағҳои худ суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохт намоянд. Маблағи пардохтшуда дар суратҳисоби инфиродии корманд ҷамъ шуда, танҳо ҳангоми ба синни ниҳоии нафақа расидан ӯ ба гирифтани нафақаи касбӣ ҳуқуқ пайдо мекунад. Сипас ба нафақахӯр аз ҳамин ҳисоб нафақаи касбӣ таъин ва пардохт карда мешавад.Ба гуфти вазир, лоиҳаи Қонун «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» бо Вазорати молияи ҷумҳурӣ мувофиқа шудааст ва ҳангоми таҳияи буҷати соли 2013 бо ин мақсад ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ пешбинӣ мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






