Равобити ХМТ бо роҳбарияти ХФМ Русия
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Дар фаъолияти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба масъалаи кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои маҳаллии ҷамъияти тоҷикон диққати муҳим дода мешавад. Робитаю ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти Федератсияи Русия ба онҳо имкон медиҳад, ки байни ҳамватанонашон корҳои дахлдорро ба ҷо оварда, ба онҳо кӯмаки зарурӣ расонанд. То имрӯз дар минтақаҳои Русия беш аз 70 созмони ҷамъиятии тоҷикон расман ба қайд гирифта шудааст. Чанде қабл дар Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мулоқоти роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ Асрор Одинаев бо сардори Раёсати мададгори ҳамгироӣ Татяна Алексеевна Бажан ва роҳбари шӯъбаи кор бо иттиҳодияҳои миллӣ Павел Викторович Юлин баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҷараёни сӯҳбат перомуни аз вазъи бахши ба шароити маҳаллӣ одат кардани муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Федератсияи Русия омадаанд, ҳамчунин ба сохтори иҷтимоии фарҳангии ҷомеаи Русия фаъолона ворид шудани онҳо табодули афкор баргузор шуд. Барои ҳамоҳангсозии фаъолият бо ҷамъиятҳои миллӣ дар сохтори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия раёсати махсуси мададгори ҳамгироӣ таъсис ёфтааст.Ҷонибҳо ҳамчунин имконияти ҷамъияти миллии тоҷиконро дар амри таълим ва баланд бардоштани дараҷаи забони русиро донистани муҳоҷирони меҳнатӣ чун яке аз шартҳои муҳимтарини фаъолияти иҷтимоию ҳуқуқии онҳо мавриди муҳокима қарор доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






