Сохтмони иншоот дар Кӯлоб
Кӯлоб, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд. Дар ин замина дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси соҳибкор Абдусаттор Қосимов нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва маркази таъмирию хизматрасонии техникии мошинҳои сабукрав ба истифода дода шуд. Маврид ба ёдоварист, ки дар сохтмони бинои мазкур сохтмончиёни Ҷамъияти масъулияташ махдуди «Нури Дилшод» саҳм гузошта, иншоотро дар мӯҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд сохта ба истифода доданд. Ба гуфти мутасаддиён нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ иқтидори гунҷоиши ҳазор литр сӯзишвориро доро аст. Ҳамчунин аз ҷониби шаҳрванд Одинаев Анвар ду иншооти дигар ба истифода дода шуд. Ба кор шурӯъ намудани ин иншоот барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон ва беҳтар шудани сатҳи хизматрасонӣ мусоидат мекунад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






