Раисони ноҳияҳо доир ба вазъи омодагӣ ба зимистон ба Президент телефонӣ ахбор доданд
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рашт, Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Ёвону Хуросон доир ба вазъи омодагӣ ба зимистон ва рафти киштукори тирамоҳӣ телефонӣ ахбор доданд.Зикр гардид, ки шаҳру ноҳияҳои мазкур соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, пеш аз ҳама муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба мавсими зимистон хуб омода намудаанд ва барои идомаи кишти такрори ва анҷом додани киштукори тирамоҳӣ чораҳои зарурӣ амалӣ менамоянд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба қафомонии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, ҳисор ва Ёвону Хуросон аз нақшаи киштукори тирамоҳӣ барои тезондани суръати кор ба роҳбарияти ин шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки ҳосили меваю сабзавот ва пахтаи боқимонда пурраю беталаф ҷамъоварӣ карда шавад ва барои саривақту босифат анҷом додани киштукори тирамоҳӣ аз ҳар рўзи офтобӣ ва обу ҳавои мусоид пурсамар истифода намоянд. Ҳамчунин доир ба оғози мавсими нави ниҳолшинонӣ, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти куҳна дастуру ҳидоятҳо дода шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






