«…охир ба дастӣ малахак»

Январь 26, 2012 10:30

Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хоҷагиҳои давлатии зотпарварии ба номи «Тӯйчӣ Эрйигитов» -и ноҳияи Ашт ва «Ҳисор» -и ноҳияи Фархор бо вуҷуди дар давоми се соли охир аз ҷониби сохторҳои назоратӣ аз 4 то 7 маротиба мавриди санҷиш қарор гирифтанашон «аз об хушк баромаданд», (ба он маъно, ки камбудиҳои молиявии ин ду хоҷагӣ ошкор карда нашуданд ва ё ошкор карданашонро раво надонистанд).Дар рафти санҷишҳои молиявӣ ва тафтишоти пешакӣ, ки аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар дар соли 2011 анҷом дода шудааст, муайян карда шуд, ки дар хоҷагии зотпарварии «Тӯйчӣ Эрйигитов» — и ноҳияи Ашт аз 15 ҳазору 123 сар чорвои майдаи хоҷагӣ 7 ҳазору 500 сари он ба маблағи 1 млн. 814 ҳазор сомонӣ тасарруф карда шудааст.Тафтиш дар хоҷагии зотпарварии «Ҳисор»- и ноҳияи Фархор зарари молиявиро аз ҳисоби камомади 2 ҳазору 259 сар чорвои хоҷагӣ ба маблағи 820 ҳазор сомонӣ ошкор сохт.Тибқи маълумоти маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ доир ба ин ҳолат бо моддаи 245 қ. 4 (азхудкунӣ)- и КҶ ҶТ ба анҷом расида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шудааст.Чунонки дар урфият мегӯянд : «Як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир ба дастӣ малахак!».

Январь 26, 2012 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид