«Амонатбонк» барои Шарора суратҳисоби амонатӣ кушод
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Бо ибтикор ва дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти «Амонатбонк» барои Шарора Хоҷаева суратҳисоби амонатӣ кушода, ба он 10 ҳазор сомонӣ маблағ ворид намуд. Дафтарчаи амонатиро ба Шарора раиси «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Акнун маблағҳои мазкурро Шарора метавонад ҷиҳати рафъи камбудиҳои рӯзгори худ масраф намояд. «Амонатбонк» ҳамчунин ба маблағҳои маҳфузбуда дар суратҳисобҳои амонатӣ, фоизҳои бонкӣ низ пардохт менамояд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Шарора ҳамеша дар мадди назар ва тарбияи давлат қарор дошта, аз дастгирӣ ва кӯмакҳои ҳамаҷонибаи он бархурдор мебошад. Бояд гуфт, ки 23 сол пеш, яъне 23 январи соли 1989 соати 5-05 субҳ, заминларзаи мудҳиш фоҷиаи даҳшатбореро болои сокинони маҳаллаи Шарораи ноҳияи Ҳисор оварда буд. Тибқи маълумоти мутахассисон офати табиӣ бо қувваи 5-7 балл дар маркази зилзила, шаҳраки Шарора ва деҳкадаҳои Оқулии Болою Оқулии Поёни ноҳияи мазкурро зери хоку лой қарор дода буд. Дар ин ҳодисаи табиӣ беш аз 300 нафар сокини ин маҳаллаҳо ҳалок шуда, ҳудуди ин мавзеъҳо ба мазори шаҳидон мубаддал гашт. Ин ҳодисаи мудҳиш ва фалокат то имрӯз дар зеҳни мардум ва аҳолии Тоҷикистон боқӣ мондааст. Ҳамагон шоҳиди он мебошанд, ки ягона шахси зинда мондаи офати номбурда, тифли 8-рӯзае буд, ки ӯро дар дохили гаҳвора аз зери хоку гил пайдо намуданд. Ба тифл ҳамчун ёдгор баъдан Шарора ном гузоштанд, ки ягона нишонае аз фалокати ба сари мардуми ин маҳал омада мебошад. Имрӯз Шарора Хоҷаева донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, оиладор, соҳиби ду фарзанд буда, дар ноҳияи Ҳисор зиндагӣ мекунад. Ӯ донандаи хуби забони олмонӣ буда, ба як қатор давлатҳои Аврупо сафар кардааст.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






