Истеҳсоли гӯшту шир зиёд шуд
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар моҳи январ ва 10 рӯзи моҳи феврали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи сохторҳои хоҷагиҳо 8,5 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 7 фоиз зиёд аст.Тибқи маълумоти манбаъ, истеҳсоли гӯшт дар хоҷагиҳои ВМКБ 14,9 фоиз, вилояти Хатлон 8,8, Суғд 3,5 ва дар ноҳияҳои Нуробод 57,1 фоиз, Рӯдакӣ — 23,8, Ваҳдат – 14,8, Ҷиргатол – 9,5, Варзоб – 9,1, Тоҷикобод – 9,2 ва шаҳри Роғун 5,6 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли шир бошад дар моҳи январ ва 10 рӯзи моҳи феврали соли 2012 40 ҳазору 585 тоннаро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 4 фоиз зиёд аст. Шир асосан дар хоҷагиҳои аҳолӣ истеҳсол гардида ва , 93,3 фоизи он маҳсули хоҷагиҳои аҳолӣ мебошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






