Президент ба барандагони медалҳои бозиҳои олимпии Лондон-2012 мукофот таъйин намуд
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои бо мукофоти пулӣ сарфароз гардондани варзишгарони тоҷик, ки дар бозиҳои 30 – юми олимпии (Лондон – 2012) ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол менамоянд, амр имзо намуд. Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як барандаи медали тилло 300 ҳазор, медали нуқра 250 ҳазор ва биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар карда мешавад. Ин нишонаи возеҳи дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз варзишгарони ояндадори тоҷик ба хотири рушди варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар миёни ҷавонону наврасон аст. Хотиррасон бояд намуд, ки ин тадбири навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои рушди варзиш дар Тоҷикистон мебошад. Маҳз натиҷаи таваҷҷуҳи хосаи Президенти кишвар ба ин соҳа аст, ки солҳои охир дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон варзишгоҳҳои муҷаҳҳази муосир, майдону толорҳои гуногуни варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва ғайра бунёд меёбанд. Умед аст, ки минбаъд варзишгарони тоҷик натиҷаҳои аз гузаштаю имрӯза ҳам бештар, аз ҷумла дар бозиҳои 30 – юми олимпии (Лондон — 2012) нишон дода, парчамбардорони Тоҷикистони азиз дар мусобиқаҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ мегарданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






