Тайёрӣ ба маросими Ҳаҷ-2012 оғоз ёфт
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).– Дар Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Чумҳурии Точикистон ҷаласаи васеъи ҳайати мушовараи кумита баргузор гардид.Дар ҷаласа аъзои ҳайати мушовара доир ба масъалаҳои муҳими самти фаъолияти кумита ибрози назар намуданд. Раиси кумита А.Холиқов ҷаласаи мазкурро ифтитоҳ намуд ва муовинони ӯ доир ба фаъолияти бахшу шӯъбаҳои дин дар шаҳру навоҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе сухан гуфтанд. Дар гузориш бо назардошти дастовардҳо ва комёбиҳои бахшу шӯъбаҳои дин дар шаҳру вилоятҳо дар ду моҳи сипаригардида ҳамчунин ба камбудиҳо ва норасоиҳоиҷойдошта ишора гардид. Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин масоили марбут ба омодагӣ ба маросими Ҳаҷ-2012, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






