Поягузори драматургияи касбии тоҷик

Март 13, 2012 16:59

Ба муносибати 100-солагии Ғ. АбдуллоҒанӣ Абдулло яке аз поягузорони жанри драма дар адабиёти тоҷик буд ва дар рушду равнақи ин соҳа саҳми шоиста гузошт. Рӯзгори ошувтаву пурфоҷеа натавонист садди роҳи фаъолияти эҷодии ӯ гардад, агарчи зарбаҳои гарону даҳшатборе бар рӯҳу ҷисмаш зада буд. Дар мукаммалтарин тарҷумаи ҳоле,ки Ғанӣ Абдулло 9-июли соли 1962 навиштааст,саҳифаҳои муҳимтарини зиндагии худро инъикос намудааст,ки мухтасаран чунинанд:Аз соли 1920 то 1925 дар мактаби ибтидоии шаҳри Самарқанд,аз соли 1925 то 1927 дар мактаби миёнаи шаҳри Боку таҳсил карда,соли 1929 ба сафи комсомол дохил шуд. Аз тирамоҳи соли 1929, баъди хатми институт, дар донишкадаи адабиёти Академияи педогогӣ хондааст. Соли 1932 аз курси охирини академия ӯро ба муддати як сол ба таҷрибаомӯзӣ фиристоданд. Ҳамин тавр ӯ ба Душанбе омада, бо исрори Комиссариати маорифи халқ ва шӯъбаи маданияти КМ ПК Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт ва санъати тоҷик ба кор шурӯъ намуд. Як сол дар институти тадқиқоти илмӣ, аз соли 1934 то 1937 муддате дар идораи Иттифоқи нависандагон ва чанде дар Театри ба номи Лоҳутӣ ба вазифаи ходими адабӣ кор кард.Баъд соли 1937 фаро расиду гӯё замин аз зери пояш бадар рафт.Осмон ба сараш фурӯ афтод. Даҷҷол бо хараш омаду ӯро дар радифи ҳазорон ҳамтақдираш ба паллаи оташбори хурҷин андохт ва тану ҷонашро ба азоби алим гирифтор кард. Даҳ соли азобу шиканҷаи ҷисмонию рӯҳонӣ ва боз чанд соли дигар… Ҳазорон шабу рӯз пайи ҳам мегузаштанд, ҳазорон шабҳои бехобӣ, ҳазорон рӯзҳои ормонӣ бо таассуфу таҳайюр сипарӣ мешуданд. Ҳазорон бор тамоми рӯзҳо,соатҳо,дақиқаву сонияҳои гузаштаро бо тамоми ҷузъиёташон ба хотир меовард,сабаби гирифтории худро ҷӯё мешуд…Ӯ аз бачагӣ пуртакопӯ буд,ба муҳити атроф бо чашми ҳайрат ва иштиёқи тамом менигарист.Ниҳоят ҳассос буд. Аз навсозиву ибтикороти мардум ба ваҷд меомад, шеър мегуфт. Ҳамагӣ 19 сол дошт, ки аввалин маҷмӯаи шеърҳояш ба забони туркӣ ба табъ расид: Ғанӣ Абдулло. «Қурулиш сатрлари» («Сатрҳои сохтмон»), Тошкент-1931-Боку. Баъди ду сол маҷмӯаи дуввуми ашъори ӯзбакияш таҳти унвони «Бо номи Ведуинг» чоп шуд. Шеърҳои тоҷикӣ низ эҷод мекард (маҷмӯаи «Садо», 1935 ва достони «Ду соҳил», 1935), мақолаҳои интиқодӣ ва адабиёшиносӣ ҳам менавишт: «Устоди бузурги мо» (дар бораи М.Горкий,«БАС», 1932, №2), «Ҷалол Икромӣ ва эҷодиёти ӯ» («БАС», 1932, №5), «Дар бораи баъзе масъалаҳои драматургия» («БАС», 1935, №4) ва ғайра. Навиштани шеъру мақолаҳо барои Ғанӣ Абдулло, чунин ба назар мерасад,ки дар роҳи мақсади асосӣ — драманависӣ як зина ва манзари эҷоди бадеӣ буд. Аввалин песаи ӯ «Вахш» соли 1933 навишта ва соли 1934 таҳти унвони «Водии бахт» ба саҳна гузошта шуд. Сипас дар мавзӯъҳои осори классикон асарҳои саҳнавии «Рустам ва Сӯҳроб» (1935, бо ҳамқаламии Абдушукур Пирмуҳаммадзода), «Хусрав ва Ширин» (1937, бо ҳамқаламии А. Деҳотӣ ва М. Турсунзода), инчунин дар мавзӯи таърих песаи «Шӯриши Восеъ» (1936)-ро таълиф кард. Фаъол буд, пайраҳаи машаххаси худро меҷуст, то ба шоҳроҳи адабиёт барояд. Аммо шаби 17-уми сентябри соли 1937 фаро расиду он пайраҳаи Ғанӣ Абдулло, ки ба шоҳроҳи эҷоди бадеӣ қариб пайваста буд, ба муддати тӯлонӣ қатъ гардид. Ғанӣ Абдулло баъди ҳабс шуданаш яке аз «қаҳрамонони» марказии мақолаҳои гунаҳгузорони соли 1937 қарор гирифт. Дар мақолаҳое, ки дар рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» 22-юми сентябр бо имзои Қ.Аҳрорӣ, М.Юлдошев, 28-уми сентябр бо имзои «Ду рафиқ» чоп шуда буданд, Ғ.Абдулло чун яке аз «душманони ашаддии халқ ва ҳокимияти саветӣ» маҳкум шудааст. Аз ҷумла, бо суханони умумӣ, бе ҳеҷ гуна таҳлилу далел эълон намудаанд, ки « душмани халқ Ғанӣ Абдулло дар «Водии бахт» ном асараш ҳукумати саветӣ ва коммунистонро айбдор кардааст…«Восеъ» низ асари зиддисоветӣ мебошад»… («Қизил Тоҷикистон», 22.09.1937). Дар ин мақолаҳо на танҳо Ғанӣ Абдулло ва дигар нависандагоне, ки то он дам ба ҳабс гирифтор буданд, маҳкум мешуданд, балки муаллифони корчаллон мехостанд ҳарчи бештар касонро ба «душманон» пайванданд.Лошахӯрҳоро мемонданд онҳо, қурбонӣ ҳар қадар бисёр бошад ҳам, ба назарашон кам менамуд. Масалан, навишта буданд: «Турсунзода бо Ғанӣ Абдулло ва Деҳотӣ чандин маротиба ба Самарқанд рафта, он вақтҳо ҳамаашон майхӯрӣ ва сӯҳбатҳо кардаанд. Турсунзодаи дурӯя то ҳол аз ин хусус даҳан накушодааст». Ба ҳамин тариқ, ба Турсунзодаву Деҳотӣ низ хавфи «душмани халқ» ва ё ақаллан «думи душмани халқ» шудан таҳдид мекард.Ин буд, ки Деҳотӣ мақолаи «Доғҳои шармовар»-ро («Тоҷикистони сурх», 18.10.1937) навишта, кӯшида буд, ки он «доғҳоро» бишуяд. Дар айни замон он рӯзҳо, ки Ғанӣ Абдулло дар маҳбаси Комиссариати халқии корҳои дохилӣ гирифтори истинтоқу шиканҷаҳои ваҳшиёна буд, дар матбуот мақолаҳое чоп мешуданд, ки ошкоро мазмуну оҳанги маҳкумкунанда доштанд. Аз ҷумла Самад Ғанӣ дар мақолаи «Оқибатҳои зараррасониро барҳам дода, ҳушёрии синфиро ба дараҷаи баланд бардорем» («Барои адабиёти сотсиалистӣ», 1937,№7-8) Ғанӣ Абдуллоро чунон ба гирдоби бало маҳкум карда буд, ки баъди ин «гунаҳгузорӣ» он солҳо метавонистанд касро бе суду муҳокима ба дорулфано фиристанд: «Аксиинқилобчӣ Ғанӣ Абдулло тамғаи «драматургӣ»- ро ба гардан овехта, зарарҳои бисёре расонид. «Водии бахт», «Восеъ» ном асарҳои зиддисоветии он, ки фақат ба душманон фоида расонида метавонанд, бо ёрдами директори собиқи театр, душмани халқ Бобоҷонов ба саҳна гузошта шуданд. Душманони халқ Шотемур, Раҳимбоев, Махсумов, М. Расулӣ ӯро бардор — бардор карда, ба мукофотҳои баланд соҳиб кунонданд. Лекин мо то ҳол ҳам башараи эҷодии ин муртадҳоро дар чашми омма кушода надодаем».Кас имрӯз ҳазорон бор афсӯс мехӯраду ангушти ҳайрат мегазад,ки ин гуна «айбгузориҳо» на аз ҷониби намаяндагони суду прокуратура ё Комиссариати халқии корҳои дохилӣ, балки аз тарафи адибон нисбат ба ҳамқалам ва рафиқи ҳамкори худ сурат мегирифт.Аз байни мақоланависон касоне низ ёфт мешуданд, ки бо айбгузорӣ ба «қурбонии худ» қаноат намекарданд, балки ба Иттифоқи нависандагон ва ташкилотҳои роҳбари соҳаи маданият таҳдидҳо мекарданд, ки «душманони халқ»-ро кам фош менамоянд, онҳоро дасисаангезона ба «душманфошкунӣ» таҳрик медоданд.Натиҷаҳои ҳамин гуна таҳдиду таҳрикҳо ва дасисаҳои ошкорои сиёсӣ буд, ки баъзе кормандони масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон водор шуданд нисбат ба ҳамқаламони худ мақолаҳои сар то по тӯҳматомез,таҳрифкорона ва маҳкумкунанда бинависанд. Аксари ин мақолаҳо аз рӯи мазмуну оҳанг бештар ба ҳукмномаҳои суд шабоҳат доштанд, на ба асарҳои интиқодӣ. Дар онҳо қабеҳтарин бӯҳтонҳо ба шахсияти «душман», дағалтарин таҳрифҳо дар ҳаққи осори ӯ бе ҳеҷ ибову изо раво дониста мешуд.Чунин ба назар мерасид, ки ин гуна «танқидҳо» на танҳо шахсияти Ғанӣ Абдулло ва ӯ баринҳоро аз лиҳози идеологӣ «маҳкум» мекард, балки, шояд ғайри ихтиёри муаллиф, ба мақсадҳои «бузургтар», барои иҷрои вазифаҳои «муҳимтар» хидмат менамуд:тафаккури эҷодиро душманӣ, шуҷоати адабиро мамнӯъ медонист, ба қолабҳо на танҳо дар эҷоди бадеӣ, инчунин дар тафаккури инсон роҳи васеъ мекушод, ақидаву андешаҳои ғайриқолабиро қабулнопазир ва ҳатто ҷиноят эълон мекард, тарсу ҳарос ва ваҳму гумонбариро чун шакли мутлақи шуури ҷамъият талқину таблиғ менамуд.Ба ҳамин тариқ шахс, инсон, ки танҳо дар ҷамъият, танҳо бо инсонҳо метавонад рӯҳану маънан зинда ва фаъолиятманд бошад, дар ҷамъияте,ки бар иттифоқҳо асос ёфта буд, — Иттифоқи Саветӣ, иттифоқи синфи коргар ва деҳқон, иттифоқи нависандагон ва ғайраву ҳоказо-ба танҳоӣ маҳкум мешуд, аз ҷамъият истисно мегардид. Бо «айбҳои» худ,бо ғаму аламу дардҳои бедавои худ танҳо ба танҳо мемонд…Ва Ғанӣ Абдулло бо ҳамин ва бисёр «айбҳои» сиёсиву идеологиву адабиву шахсӣ шаби 17-уми сентябри соли 1937 ба ҳабс гирифта шуд.Азобу шиканҷаҳои маҳбаси Комиссариати халқии корҳои дохилӣ, лагерҳои консентратсионӣ, сарсониву саргардониҳое, ки Ғанӣ Абдулло баъди озод шудан аз ҳабсу бадарға аз сар гузаронидааст, таъқиботи расмиву ғайрирасмии шахсияти инсониву адабӣ ва эҷодии ӯ дар солҳои 1947-1955, муносибатҳои бадхоҳонаву хайрхоҳонаи ашхоси гуногун ба шахсият ва эҷоди нависанда як қиссаи махсусу тӯлонист. Ғанӣ Абдуллоро аз рӯзи ҳабс шуданаш ишқи зиндагӣ, бовар ба қудрату имконоти ҷисмониву рӯҳонии хеш, ҳирси озодӣ ва мақсади исбот кардани бегуноҳии худ ва наздиконаш қуввату умед мебахшид, ба сабру бурдборӣ ва тоқату умедворӣ ҳидоят менамуд. Ин рӯҳияву ин мақсад дар як шеъре, ки Ғанӣ Абдулло аз бадарға ба ҳамширааш Музаффара Қосимова фиристодааст, акси равшан дорад: Ба машғулони дарди субҳгоҳӣ, Ба мақбулони даргоҳи илоҳӣ, Ба рӯзи тираи дилҳои сӯзон, Ба шабҳои сиёҳи тирарӯзон, Ба ҷони бегуноҳи хурдсолон, Ба шоми бечароғи тангҳолон, Ба маҳбусе, ки умраш рафт дар банд, Ба ғамноке, ки бо ғам гашт хурсанд, Ба беморе, ки бекас мурду бадҳол, Бад-он кӯре, ки дар раҳ гашт помол, Бад-он вайронаҳои меҳнатобод, Бад-он дилҳо,ки аз меҳнат бувад шод, Дар ин навмедиям умеди нав кун, Умедамро ба коми дил гарав кун, Ганӣ Абдулло аз лагер соли 1947 баргашта бошад ҳам, дар чанд нусхаи тарҷумаи ҳоле, ки дар бойгонии ӯ ҳаст, солҳои 1947-1955-ро чун солҳои озодии худ зикр накардааст. Дар он айём, ба қавли худи нависанда, «ҳамаи дарҳо ба рӯяш баста буданд». Ва танҳо аз 14-уми августи соли 1956, баъди аз ҷониби Трибунали ҳарбии округи ҳарбии Туркистон таҷдиди назар шудани дафтари аъмол ва бегуноҳ донистанаш ӯ оҳи сабуке кашид, худро андак озод ҳис кард ва барои баровардани қусури солҳои барҳадаррафтаи умр бо тамоми вуҷуд ба кори эҷодӣ дода шуд. Аввалин асаре, ки ӯ баъди баргаштан ба фаъолияти адабӣ навишт, песаи «Пеш аз субҳ» (1949) буд, ки тақдири пурфоҷеаи мардуми моро дар гузаштаи пеш аз Инқилоби октябр тасвир мекард. Баъдан Ғанӣ Абдулло дар як силсила асарҳои драмавиаш масъалаҳои маънавияти инсон, мақому манзалат ва шаъну шарафи инсон дар ҷомеа ва муҳити зисту кор, нангу номус ва обрӯю эътибор, арзиши ахлоқӣ ва иҷтимоии инсонро мавриди андешаву тасвир қарор дода, ба ҳамин васила ҳиссае аз мушкилоти ҷомеа ва дарду аламҳои худро ифшо намуд. Песаҳои «Шарафи инсон» (1956), «Суруди кӯҳсор» (1957) ва «Мо аз Боми Ҷаҳон» (1965) аз ҳамин ҷумлаанд. Як идда песаҳое, ки ӯ дар солҳои 60 – 70 – и қарни гузашта эҷод кард, ба мавзӯъҳои таърих марбутанд. Аз ҷумла драмаҳои «Тӯфон» (1957, бо Шамсӣ Қиёмов), «Ҳуррият» (1964) ва «Сарбозони инқилоб» (1970) ба воқеаҳои вобаста ба Инқилоби октябр бахшида шудаанд.Ба таърихи дуру наздик рӯ овардани Ғанӣ Абдулло як навъ гурез аз сиёсати замон буд, ба ӯ имконияти истиқлоли фикриву эҷодиро фароҳам меовард. Тамоми асарҳои драмавии Ғанӣ Абдулло дар Театри ба номи Лоҳутӣ, ки ӯ тӯли чанд сол роҳбари адабии он буд, ба саҳна гузошта, қисми зиёди он асарҳо ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ низ тарҷума шудаанд.Ғанӣ Абдулло дар тарҷумаи бадеӣ низ маҳорати баланд дошт. Асарҳои А.Островский, К.Симонов, А.Корнейчук, Робиндранат Такур, М.Горкий, Т.Драйзерро ба забони тоҷикӣ баргардонидааст. Ғанӣ Абдулло вакили Анҷумани якуми нависандагони шӯравӣ (1934), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (1972), Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон буд. 28 январи соли 1984 аз олам даргузаштааст. Абдураҳмони Абдуманнон

Март 13, 2012 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид