Таваҷҷӯҳи ширкатҳои хориҷӣ

Март 13, 2012 11:52

Душанбе, 13 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ 80 корхонаи саноатии хиштбарорӣ, 28 корхонаи оҳангудозӣ, 1 корхонаи истеҳсоли шиша ва 17 корхонаи саноати хӯрокворӣ аз истифодаи гази табиӣ ва нерӯи барқ ба истифодаи ангишт гузаштанд», гуфт сардори Раёсати саноати истихроҷи ангишт ва навъҳои алтернативии энергияи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Баҳриддин Абдураҳимов. Ба қавли намояндаи Вазорати энергетика ва саноат имрӯз корхонаҳои истихроҷи аништи кишвар талаботи бахшҳои гуногуни иқтисоду ҳаёти иҷтимоии ҷумҳуриро қонеъ карда наметавонанд, аз ин рӯ, дар навбати аввал ба рушди саноати истихроҷи ангишт мебояд таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Бо мақсади таъмини аҳолии кишвар бо ангишт аз соли 2011 тарзи кушоди истихроҷи ангишт истифода мешавад ва теъдоди чунин корхонаҳо ба 12 адад расидааст. Шумори умумии корхонаҳои амалкунанда дар ин бахш 14 ададро ташкил медиҳад, ки 8-тоаш корхонаҳои хусусианд. Баҳриддин Абдураҳимов меафзояд, ки ширкатҳои як қатор давлатҳои хориҷии тӯли се сол дар бахши истихроҷи ангишти ҷумҳурӣ фаъолият дошта то ҳанӯз ба он таваҷҷӯҳ зоҳир месозанд ва дар кашфу коркарди конҳои ангишт то имрӯз беш аз 15 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намудаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ 236 ҳазор тонна ангишт ба маблағи 25 миллион доллари амрикоӣ истихроҷ шудааст. Қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт», ки дар парлумони кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад, ба рушди саноати кишвар ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Март 13, 2012 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид