Як миллиону 400 бех ниҳол дар Суғд
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз ва бомуваффақият баргузор намудани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар соли ҷашни бистумин солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнаткашони навоҳии Исфараву Конибодом омодагии комил мегиранд. Боздиди намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов аз шаҳру деҳоти Исфараву Конибодом собит намуд, ки дар ин минтақа омодагии мардум ба маъракаҳои баҳорӣ дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Бояд гуфт, ки дар маъракаи кабудизоркунии имсола тибқи нақша дар шаҳру деҳоти вилоят як миллиону 402 ҳазор бех ниҳоли мевадеҳу сояафкан шинонида мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






