Татбиқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Шӯрои адлия бо иштироки роҳбарият ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов, раисон, судяҳои суди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, судяҳои коромӯз ва кормандони дастгоҳи Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфт. Бояд ёдовар шуд, ки ҷиҳати иҷрои бандҳои 5,15,16 нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар 20 декабри соли 2010 баён шудаанд ва Қарори Ҳукумати мамлакат таҳти рақами 278 аз 2 июни соли 2011 дар бораи тасдиқи Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ба истифода додани ин толори нави варзишӣ барои рушди соҳа миёни кормандони суди шаҳри Душанбе тӯҳфаи арзанда хоҳад буд. Раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов дар маросими ҳамоиш иброз дошт, ки баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Сарвари давлат сардорони раёсату шӯъбаҳои Шӯроли адлия дар вилоятҳо, раисони судҳои ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки ташкили чунин толор ва майдончаҳои варзиширо бо мақсади рушди тарзи ҳаёти солим ба роҳ монанд.Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов иброз дошт, ки кушоиши чунин майдончаҳои варзишӣ нафақат ба солимии ҷавонони варзишгар, балки ба рушду пешрафти тафаккури онҳо низ мусоидат хоҳад намуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






