Таваҷҷӯҳи О. Оқилов ба сохтмони роҳи оҳан ва хатҳои интиқоли гази табиӣ

Май 31, 2012 14:57

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 29-30 -уми майи соли равон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони ҷумҳуриҳои узви ИДМ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо сафари корӣ дар шаҳри Ашқободи Туркманистон қарор дошт. Рӯзи нахустини сафари корӣ дар шаҳри Ашқобод мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор шуд. Оқил Оқилов паёму шодбошии Сарвари давлати Тоҷикистонро ба Президенти Туркманистон расонида, сатҳу сифати ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркманистонро дар ҳама соҳаҳои афзалиятнок қаноатбахш арзёбӣ кард. Таваҷҷӯҳи асосӣ дар вохӯрӣ ба масоили татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳан ва хатҳои интиқоли гази табиӣ зоҳир карда шуд. Худи ҳамон рӯз Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Омурбек Бабанов мулоқот кард. Зимни мулоқот ба масоили рушди муносибатҳои тарафайн ва бартараф кардани монеаву мушкилоти дар раванди ҳамкориҳои давлатҳо ҷойдошта мароқ зоҳир гардида, зарурати ба сатҳу сифати нав баровардани ҳамкориҳои иқтисодӣ, тадбирҳои интиқоли молу маҳсулот тавассути қаламрави давлатҳо, рушди инфрасохтор ва таъмини амнияти энергетикӣ махсус таъкид шуд. 30-юми май ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ кори хешро нахуст бо мулоқоти доираи маҳдуди роҳбарони ҳайатҳои расмӣ оғоз намуд. Дар мулоқоти хосса рӯзномаи корӣ ва масъалаҳои марбут ба он мавриди муҳокимаи Сарвазирони давлатҳои узви Иттиҳод қарор дода шуд. Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов баъдан дар кори ҷаласаи ҳайатҳои васеи Шӯрои сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ иширок карда, доир ба мақому мавқеи Тоҷикистон дар раванди ҳамбастагии давлатҳои аъзои Иттиҳод таклифу пешниҳодҳои судманд баён дошт.Оқил Оқилов бо пуштибонӣ аз мавқеи Тоҷикистон дар ҳамгироиҳои иттиҳод тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, энергетика, нақлиёт ва ҳифзи муҳити зист аз ҷумлаи тадбирҳои муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард. Дар ҷаласа маҷмӯан зиёда аз 20 масъалаи муҳими доираи Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифта, як силсила созишнома, консепсия, стратегия ва нақшаи чорабиниҳо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, бозори асъор, ҳифзи муҳити зист, амнияти иттилоотӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба имзо расиданд. Дар нишасти матбуотӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба ҳайси раиси Шӯрои сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ дар соли 2011 аз амали ба зиммаи ҷониби Туркманистон вогузор шудани раёсати ИДМ дар соли 2012 ҷонибдорӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки соли равон тадбирҳое, ки дар доираи иттиҳод баргузор мешаванд, раванди ҳамгироиҳои муштараки давлатҳои аъзои иттиҳодро ба сатҳи боз ҳам баландтар мерасонанд.

Май 31, 2012 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд