Нашри натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон бо иштироки як қатор намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010» вохӯрӣ гузаронида шуд. Директори Агентии омор Бахтия Муҳаммадиева иштирокчиёнро бо маҷмӯаҳо ва ҷилдҳои барӯихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010, ки нашр шудаанд шинос намуда, оид ба нашрияҳои чопгардида мухтасар маълумот дод. Директор иттилоъ дод, ки рузҳои наздик таҳлили омории нишондиҳандаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010, ки айни ҳол дар ҷараёни омодагист нашр мегарданд. Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи сардори Раёсати барӯйхатгирии аҳолӣ Зебо Исмоилова муаррифии маҷмӯаҳо дар мавзӯи: «Тағийрёбии шумора ва ҷойгиршавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фосилаи байни барӯйхатгириҳои аҳолии солҳои 2000 ва 2010» ва «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010» пешкаш шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






