Шикояти шаҳрвандон аз болои судҳо
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ Зафар Азизов дар нишасти матбуотие, ки барои воситаҳои ахбори омма баргузор намуд, бори дигар аз он ёдовар гардид, ки ҳанӯз кори на ҳамаи судҳо ба меъёрҳои байналмилалии ҳукуқи шаҳрвандӣ мувофиқ карда шудааст, ё онҳо дар кори худ аз рӯи методҳои кӯҳнашудаи фаъолияти судӣ истифода мекунанд. Дараҷаи баланди касбият дар кори қисме аз судҳо мушоҳида намегардад. Ҳолати бекоршавии қарорҳои судӣ дар фаъолияти қисман судҳо бозгӯ аз он аст, ки дар татбиқи қонунҳо дараҷаи донишу касбият дар сатҳи зарурӣ истифода намегардад. Зафар Азизов ҳамчунин аз он ёдрас шуд, ки дар мӯҳлатҳои муқарраргардида омода накардани қарорҳо ва протоколҳои маҷлиси судӣ ва ба тарафҳо саривақт насупоридани нусхаи санадҳои қабулгардида, ба иҷро пешниҳод нашудани қарорҳо ва таъмин набудани назорати иҷроиши онҳо аз ҷиддитарин масъалаҳое мебошанд, ки барои бартараф намудани онҳо Шӯрои адлия ба судҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои зарурӣ додааст. «Дар давоми ним сол 572 арзу шикояти шаҳрвандон ба дастгоҳи Шӯрои адлия ворид шудааст, ки он ба сифати кори судҳо то ҷое латма мезанад»,-афзуд раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ ЗафарАзизов дар ин нишаст ба хабарнигорон.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






