Шурӯи давраи омӯзишии ҳифзи мероси ғайрифарҳангӣ дар Душанбе
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Рӯҳуллоҳ). — Аз 21 то 25 августи соли равон дар шаҳри Душанбе як давраи омӯзишӣ барои кормандони соҳаи фарҳанг таҳти унвони «Устуворсозии нерӯи миллӣ оид ба иҷрои Конвенсияи ҳифзи мероси ғайрифарҳангӣ» оғоз гардида, феълан ҷараён дорад. Тавре ки хабар дода мешавад, омӯзиши панҷрӯза аз ҷониби комиссияи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омадааст. Маврид ба зикр аст, ки дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиш Фароғат Азизӣ, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ва котиби масъули Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Шаҳло Абдураҳимова ширкат доштанд. Мақсад аз баргузории давраи омӯзишӣ беҳтар намудани шароити нигаҳдории мероси ғайрифарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ва татбиқи он дар сатҳи миллӣ унвон мешавад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Норвегия ва Бунёди мероси ғайрифарҳангӣ маблағгузорӣ мешавад. Тавре ки мутахассис оид ба масъалаҳои фарҳангӣ, Бюрои ЮНЕСКО оид ба Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон Юрий Пешков зикр кард, лоиҳа барои васеъ намудани дарки консепсияҳо ва механизмҳои татбиқи Конвенсияҳо дар сатҳи миллӣ, таҳияи номгӯи мероси маънавӣ, ҷалби унсурҳои мероси маънавӣ дар рӯйхати Конвенсияҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байналмиллалӣ равона шудааст. Маврид ба ёдоварист, ки Конвенсияи ҳифзи мероси ғайрифарҳанги соли 2003 аз ҷониби Конфронси генералии ЮНЕСКО қабул шудааст ва феълан дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистону Ӯзбекистон эътироф шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






