Ҳунарманди машҳури рус ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 21 сентябри соли ҷорӣ соати 17:30 дар толори консертии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода барномаи ҳунарии арғунуннавози хизматнишондода ва ходими санъати Русия, ҳунарманди Филармонияи давлатии Олтой Сергей Михайлович Буткеев ва дигар ходимони фарҳангии Русия баргузор мегардад. Дар ин бора сармутахассиси Вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.Тибқи иттилои манбаъ, ин барномаи ҳунарӣ бо мақсади рушди муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия дар чаҳорчӯби маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба 1150-умин солгарди давлатдории Русия бахшида шудаанд, гузаронида мешавад. Барнома бо ибтикори Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»-и Вазорати фарҳанги кишвар дар ҳамкорӣ бо намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омадааст. Дар ҷараёни сафар мулоқоти ҳайат бо вазирони фарҳанг ва маорифи кишвар дар назар аст. Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайат аз 19 то 22 сентябр сурат мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






