Эмомалӣ Раҳмон: «То кай ба гузаштагони худ менозем?…»

Сентябрь 1, 2012 10:15

Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Субҳи имрӯз мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш дар бинои хушсохту замонавии Мактаби байналмилалии президентӣ баргузор гардид.  Президенти мамлакат зимни суханронии худ, зикр намуд, ки Ҳукумати кишвар ба рушди илму маориф, истифодаи босамари иқтидору тавоноиҳои илмӣ, таҷдиду такмили заминаи моддиву техникии соҳаи маориф, Академияи илмҳо ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ таваҷҷӯҳи боз ҳам бештар зоҳир намуда, барои пайдо намудани роҳи ҳалли масъалаҳои муҳиму мубрами соҳа чораҳои бетаъхир меандешад ва мавриди истифода қарор додани боз як муассисаи нави таълимӣ аз ҷумлаи иқдомоти Ҳукумат дар самти тақвият бахшидани соҳаи маорифи кишвар маҳсуб меёбад. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бо вуҷуди он, ки саҳми гузаштагони миллати тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ назаррас буда, миллати мо дар тӯли асрҳо ба аҳли башар садҳо фарзандони фарзонаро тақдим намудааст, аммо акнун замоне расидааст, ки бояд ба гузашта на танҳо ба хотири ифтихор назар афканем, балки барои пешрафти илми муосири тоҷик иқдомоти тозаву устуворро амалӣ намоем.Президенти кишвар изҳори бовари намуд, ки наврасону ҷавонони имрӯзаи тоҷик воқеан ворисони фарҳангу тамаддуне ҳастанд, ки он аз сароғози худ ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ дурдонаҳои пурарзиши илмиву адабиро ворид сохта, дар ташаккули соҳаҳои гуногуни илми муосир ҳамчун манбаи файзбор хизмат кардааст. Аз ин хотир, Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷӯҳ ба толибилмон таъкид намуд, ки насли имрӯзаи мо низ бо дониши баланди касбӣ бояд номбардори гузаштагони баруманди худ бошад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт: «Вазорати маориф, Академияи илмҳо ва Академияи таҳсилотро зарур аст, ки ҳангоми таҳияи барномаҳои таълимии мактабҳои миёна, миёнаи касбӣ ва мактабҳои олӣ талаботи нав ба савод ва саводнокиро ба назар гиранд».Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои таълимии мо бояд тарзе сохта шаванд, ки таълимгиранда соҳиби саводу маърифат ба маънои воқеӣ ва муосири он гардад.

Сентябрь 1, 2012 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад