Талошҳо ҷиҳати ҷилавгирӣ аз худкушӣ
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯзҳо масъалаи худкушӣ ба сифати зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва равонӣ миёни аҳолӣ, бахусус насли наврасу ҷавони ҷомеа ба масъалаи муҳим табдил ёфта, зарурати баррасии он ба вуҷуд омадааст. Бо ибтикори Анҷумани байналмилалии ҷилавгирӣ аз худкушӣ ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт 10 сентябр — Рӯзи байналмилалии ҷилавгирӣ аз худкушӣ эълом шудааст.Масъалаи худкушӣ аз масоили умдаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, равонӣ, ахлоқӣ ва билохира фарҳангӣ буда, баррасии он ба таври густурда дар доираи улуми фалсафӣ ва тиббӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар робита бо ташхис, пайгирӣ ва рафъи мушкилоти мазкур ниҳодҳои марбутаи ҷумҳурӣ дар миқёси қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ чорабиниҳои судманд анҷом медиҳанд.Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази миллии имкониятҳои ҷавонон” силсилаи чорабиниҳои фарҳангию фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирии омилҳои худкушӣ миёни ҷавонони деҳот дар мисоли ноҳияи Рӯдакӣ пешбинӣ менамояд. Ҳамин гуна, 15 сентябри соли равон дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумии №32-и ҷамоати деҳоти Русия ва №34-и ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ бо намояндагони ҷавонон ва ниҳодҳои марбута вохӯрӣ доир гардид. Зимни ин вохӯриҳо коршиносон масъалаи худкушӣ ва роҳҳои пешгирии онро дар байни ҷавонони деҳот фаҳмониданд. Зикр гардид, ки мутобиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳамарӯза дар ҷаҳон беш аз се ҳазор нафар бар асари худкушӣ ҷони худро аз даст медиҳанд. Аз ҳар 20 фарде, ки дар ҷаҳон талош ба худкушӣ мекунанд, як нафар бар асари он ҷон медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






