Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти Ҷамъияти саҳомии «Помирэнерҷӣ», тибқи Қарори Ҳукумати чумҳурӣ «Дар бораи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009 — 2020» дар се марҳала сохтмони 16 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дар ВМКБ дар назар аст. Бояд ёдовар шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ 33 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ ба маблағи умумии беш аз 200 млн. сомонӣ бо иқтидори 31,8 мегават(т) сохта ба истифода дода шудааст.Дар айни замон, дар қаламрави вилоят сохтмони се нерӯгоҳ бо маблағи умумии 58 млн. сомонӣ дар ноҳияҳои Ванҷу Мурғоб идомал дорад, ки дутои онҳо аз рӯи нақша дар ноҳияи Ванҷ то охири соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.Ҳоло сокинони ВМКБ, ба истиснои ноҳияи Мурғоб, дар чор фасли сол ҳамарӯза аз 20 то 24 соат бо нерӯи барқ таъмин мебошанд, ки ин дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз 8 то 11 соатро ташкил медиҳад.«Помирэнерҷӣ» ҷиҳати асосноккунии техникиву иқтисодӣ боз ду нерӯго — Себзор ва Санобод бо иқтидори лоиҳавии 125 мегават(т) нақшаеро рӯи даст дорад, ки бо амалӣ шудани он ВМКБ пурра бо барқи доимӣ таъмин хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






