Мактаби Оббурдон барқарор шуд
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) — «Лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёнаи №17 дар ҷамоати “Оббурдон”-и ноҳияи Мастчоҳ» ба маблағи 111 844 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дастгирӣ ёфта буд, бо муваффақият ба итмом расид. Дар маросими супоридани он Акико Сато, котиби дуюми Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зиё Зокиров, муовини аввали раиси ноҳияи Мастчоҳ ширкат варзиданд. Мактаби миёнаи №17 ҷамоати Оббурдон соли 1984 таъсис ёфта, шумораи хонандагони он 1020 нафарро ташкил медиҳад. Аммо аз соли сохта шуданаш, мактаб ягон маротиба таъмир наёфта, биноҳои он хароб гаштаанд. Аз сабаби шароити бад доштани биноҳои мактаб маъмурияти он маҷбур шуд, ки яке аз 4 бинои онро маҳкам кунад. Дар натиҷа афзудани шумораи хонандагон яке аз масъалаҳои ҳалталаб гардид. Ҳамзамон таҷҳизоти мактабӣ дар ҳолати фарсуда буда, истифодаи онҳо ғайриимкон буд. Бинои вайроншуда пурра таъмир карда шуд, девор ва фарши он аз нав карда шуда, дару тирезаи пластикӣ шинонида шуд. Ҳамчунин таҷҳизоти мактабӣ- 154 баста мизу курсӣ ва 12 адад лавҳа ба маъмурияти мактаб дастрас гардид. Татбиқи ин лоиҳа имкон дод, ки хонандагон дар шароити хуби мактабӣ таҳсил намуда, дараҷаи маърифати худро баланд намоянд. Таъмини наврасон бо таҳсили бо сифат омили асосии рушди ҷомеа мебошад. Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳои амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 285 лоиҳаро бо маблағи умумии $21.4 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






