Ситораҳо дар фурудгоҳ чӣ кор мекунанд?
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).- Роҳбарияти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мегӯянд, ки нисбат ба намояндагони васоити ахбори омма, ташкилоту муассисаҳои фарҳангӣ ва муроҷиаткунандагони инфиродӣ бобати суратгирию наворбардорӣ дар ҳудуди фурудгоҳ шароит фароҳам овардаанд. Тибқи иттилои Муҳаммадюсуфи Шодӣ, сухангӯи ин ниҳод, коргардон Баҳриддин Раҷабов тасмим гирифтааст, ки бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик шоу барномаеро рўи навор орад. Аз рўи сенария, наворгирӣ дар саҳни фурудгоҳ ва дохили ҳавопаймо бояд сурат гирад. Аз ин хотир фурудгоҳ ва Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба ҳунармандон бо қаноатмандӣ шароит фароҳам овардаанд. Продюссери барнома Мунира Ҳакимова гуфтааст: «Дар барномаи «Парвози баланд» ситораҳои шинохтаи эстрадаи кишвар иштирок менамоянд. Барнома моҳи декабр аввал дар «Кохи Борбад» ва баъдан аз тариқи телевизиони «Сафина» намоиш дода мешавад. Баҳром Ғафурӣ, Шаҳроми Абубакр, Нигина Амонқулова, Суруш, Меҳрнигори Рустам, Афзалшоҳи Шодӣ, Ҳаётой Муъминова, Сурайё Қосимова ва чанде дигарон ҳунармандоне буданд, ки дирўз дар наворгирӣ ширкат доштанд».








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






