Қочоқи беш аз 14 кило маснуоти заргарӣ

Декабрь 11, 2012 10:13

Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар ҳудуди Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Муқаддас Азимова, соли таваллудаш 1969, ҳамчун гумонбар дар қоҷоқи маснуоти заргарӣ дастгир гардид.Тавре ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, ҳангоми азназаргузаронии мошини тамғаи «BMW Х6» аз дохили сумкаҳои сафарӣ 2 килою 930 грамм маснуоти заргарии тилло ва 12 килою 10 грамм маснуоти заргарии нуқра дарёфт ва мусодира гардид. Ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки номбурда маснуоти заргарии мазкурро ба тариқи қочоқ аз шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо ворид намудааст. Таҳқиқӣ ҳодиса идома дорад.

Декабрь 11, 2012 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар