Натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти тафтишотии ВКД
Душанбе,24 декабр.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода.)-Ҷаласаи мушовараи ВКД доир ба натиҷаҳои санҷиши нозиротии фаъолияти хизматии воҳидҳои тафтишотии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки дар он вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, аъзои ҳайати мушовара ва сардорони раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд ,22 декабр дар Душанбе баргузор гардид.Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки воҳидҳои тафтишотии ҷузъу томҳои Вазорат «фаъолияти хизматии худро бояд бо истифода аз таҷрибаи пешқадами дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ, дар амал татбиқ намудани шаклу усулҳои илмии муосир, воситаҳои нави техникии криминалистӣ ба роҳ монанд, зеро танҳо дар ин ҳолат мо метавонем пешбурди сифатноки тафтишоти пешакиро таъмин намоем». Дар мушовара инчунин гузориш дар бораи норасоиҳое, ки ҷойдоштае, ки дар фаъолияти хизматии воҳидҳои тафтишотии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни санҷиш ошкор шуданд, шунида ва барои ислоҳи онҳо аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






