25 000 сомонӣ барои ҷойи аввал
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Федератсияи дзюдои кишвар дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аввалин мусобиқаи мутлақи кушодаи ҷумҳуриявиро дар намуди дзюдо ба хотираи гиромидошти Президенти фахрии дзюдои ҶТ, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Саидмуъмин Раҳимов доир мекунад. Мақсади мусобиқа тарғиби гӯштини дзюдо байни ҷавонон, мустаҳкам намудани дўстию рафоқат миёни кишварҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани малакаю маҳорати олии варзишгарон ба ҳисоб меравад. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон (мардҳо аз синни 18 боло)-и шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва кишварҳои хориҷӣ метавонанд иштирок кунанд. Мусобиқа аз рўи вазни мутлақ аз 81 кг боло гузаронида мешавад. Ба иттилои сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев варзишгароне, ки дар вазнҳои худ ҷойҳои 1, 2 ва 3- юмро ишғол менамоянд, бо диплом ва медали Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд. Барои ғолибон ва ҷоизадорон аз тарафи Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои нақдӣ:-барои ҷои аввал 25000 сомонӣ-барои ҷои дуюм 10000 сомонӣ-барои ҷойҳои сеюм 7000 сомонӣ (ду ҷои сеюм) пешбинӣ шудаанд. Мусобиқа 6 апрели соли 2013 дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






