«Экологияи сиёсии Тошканд» соҳиби мукофот шуд
Душанбе, 11 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар палатаи поёнии парлумони мамлакат -Маҷлиси намояндагон озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзўи экология ҷамъбаст гардид. Дар асоси натиҷаҳои озмун мақолаи Анвар Камолиддинов «Мушкилоти обию энергетикии Осиёи Марказӣ ва нақши Тоҷикистон дар ҳалли он» ҷои аввали озмунро соҳиб гардида, бо 800 сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Мақола ба мушкилоти феълии экологии сатҳи ҷаҳонӣ, ташаккул ва истифодаи захираҳои об дар минтақа, истифодаи ғайриоқилонаи об дар давлатҳои поёноб, омилҳои асосии хушкшавии баҳри Арал, таҳдидҳои нави ҷаҳонии экологӣ, моҳияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар масоили об ва нақши Тоҷикистон дар ҳалли буҳрони экологии минтақа ва рушди иқтисодиёти Осиёи Марказӣ бахшида шудааст. Ҷойи дуюми озмунро мақолаҳои «Зеленой экономике — зелёный свет» ва «Водная политика и продовольственная безопасность»-и Анна Калюжная ва ҷои сеюми озмунро мақолаи «Экологияи сиёсии Тошканд», ки муаллифаш Қамари Аҳрор аст, касб карданд. Ба муаллифони мақолаҳои мазкур Амиршо Миралиев-муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон мукофоти нақдиро дар ҳаҷми 600 ва 400 сомонӣ тақдим намуд. Мавриди зикр аст, ки ҳадафи озмуни мазкур инъикоси воқеъбинонаи мавқеъ ва сиёсати экологии кишварамон ва ба ин восита ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии кишвар бо мақолаҳое, ки манфиатҳои ҷумҳуриро пуштибонӣ менамоянд ва дар ин самт ҷалби рўзноманигорон, олимону коршиносон ва дигар доираҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин мавзӯи муҳим мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






