«Роҳнамои Буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам). — Моҳи декабри соли 2012 бо кӯмаки молиявии шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон китоби «Роҳнамои Буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забонҳои русиву тоҷикӣ ба табъ расид. Муаллифони китоб Мавзуна Каримова, Фарида Муминова ва Шавкат Соҳибов кӯшидаанд, ки дар бораи низоми буҷавӣ, қонунгузории буҷа, раванди буҷа, касри буҷа ва қарзи давлатӣ, сиёсати буҷавӣ ва усулҳои иштироки шаҳрвандон дар раванди қабули буҷа дар сатҳи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ маълумот диҳанд. Вазифаи асосии роҳнамои мазкур дарки буҷа, зарурат ва тарзи баррасиву қабули он, ба кадом самт равона гардидани маблағҳо ва таъсири он ба ҳаёти ҳар як шаҳрванд мебошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






