Н.Алисов: «Фонд ба муҳоҷирони меҳнатӣ кӯмакҳои бебозгашт мерасонад»
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Аҳамияти пурзӯр намудани ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз дар вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҲҶТ Сафиалло Девонаев бо директори генералии Фонди рушди ҳамбастагии байналмилалӣ «Добрососедство» Николай Алисов муҳокима гардид.Дар вохӯрии мазкур сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи манфиатҳои муҳоҷирон ва дар асоси қонун фаъолият намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон дар қаламрави Федератсияи Русия муҳим ва саривақтӣ хонд. Директори генералии Фонди рушди ҳамбастагиҳои байналмилалии «Добрососедство» ҳамзамон аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷирати Федеролии Россия дар вилояти Маскав Николай Алисов иброз дошт, ки сарфи назар аз он ки Фонди мазкур ғайридавлатист, бевосита барои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия бо ХМФ Русия ҳамкории зич дошта ва ба муҳоҷирони меҳнатӣ кӯмакҳои бебозгашт мерасонад. Мақсад аз омадани Н.Алисов ин ба имзо расонидани «Меморандум оид ба ҳамкориҳои дуҷониба байни ХМ назди ҲҶТ ва Фонди рушди ҳамбастагиҳои байналмилалии «Добрососедство» мебошад. Ҳангоми ба имзо расидани Меморандуми мазкур, баҳри таъмини ҳифзи ҳуқуқии муҳоҷирон, таъмини мубодилаи иттилооти доимӣ оид ба вазъи муҳоҷирон, доштани таҷриба дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва иҷтимоии муҳоҷирон дар ҳудуди ФР ва муҳоҷирони ФР дар ҳудуди ҶТ ва дигар имкониятҳоро фароҳам меорад. Дар вохӯрӣ тарафҳо доир ба кушодани Намояндагии Фонди рушди ҳамбастагиҳои байналмилалии «Добрососедство» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа омаданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






