Медиа Форуми АвруОсиё дар Остона
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 25 ва 26 апрел дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Медиа Форуми Х1 баргузор мегардад. Тайи даҳ соли гузашта ин ибтикорот ба яке аз воқеаҳои бузурги на фақат ҷомеаи Қазоқистон, балки воқеаи муҳими намояндагони ҳамаи ҷомеаи ҷаҳон низ гардид. Дар ин бора аз Кумитаи тадорукотии форум ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, рӯзномаи Медиа Форуми АвруОсиё иборат аз масоили амнияти минтақа баъди соли 2014 аз Афғонистон хориҷ шудани қӯшунҳои ИМА ва НАТО, вазъияти Шарқи Наздик ва ғайра мебошад. Дар форум номзад ба Президенти Эрон Хушанг Амираҳмадӣ, вазир – мушовири Президенти Афғонистон Муҳаммад Маъруфӣ, узви Парлумони Британия Ҷорҷ Галоуэй, ноиби сарвазири Юнон Тиодорос Панталос, дорандаи мукофоти Пулитсер Рой Гатман ва дигарон суханронӣ мекунанд. Ба қавли раиси Кумитаи тадорукотии форум Дариға Назарбоева, журналистон, сиёсатмадорон ва ходимони ҷамъиятӣ бояд барои пайдо намудани роҳҳои ҳалли масоили сиёсати кишварҳои ҷаҳон якҷоя саъю кӯшиш намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






