Мулоқоти Э. Раҳмон бо узви Комиссияи Аврупо, Комиссар оид ба Рушд
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Аз субҳи имрӯз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия бо мулоқоти ӯ бо узви Комиссияи Аврупо, Комиссар оид ба Рушд Андрис Пиебалгс идома ёфт.Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “Иттиҳоди Аврупо аз калонтарин шарикони мададрасони Тоҷикистон аст ва Комиссияи Аврупо дар масири дастгирии рушди устувори кишвари мо нақши намоён дорад”.Зимни суҳбати созанда доир ба роҳҳои дастгирии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои ба рушди энергетика, инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, кишоварзӣ, саноати кӯҳкорӣ ва хӯрокворӣ ва ҳамчунин маорифу тандурустӣ ва шуғли аҳолӣ нигарондашуда гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Андрис Пиебалгс омодагӣ ва ҳавасмандии Комиссияи Аврупоро ба дастгирии Тоҷикистон ба манзури мавқеи стратегӣ ва нақши калидии он дар Осиёи Марказӣ таъкид дошта, изҳор намуд, ки барои татбиқи амалии тавофуқоте, ки дар мулоқотҳои сершумори сатҳи олии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо тайи ин рӯзҳо ҳосил шуданд, ҷаҳд хоҳад кард.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






