Мусоидат ба барқарории робитаҳо миёни соҳибкорони Олмон ва Осиёи Марказӣ
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ҷиҳати ширкат дар чорабинии байналмилалӣ дар мавзўи «Ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Осиёи Марказӣ -имкониятҳо ва фурсатҳо барои иштироки иқтисодиёти Олмон» ба шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федералии Олмон сафар намуд. Ин чорабинӣ дар ҳошияи Намоишгоҳи махсуси соҳаи об «Wasser Berlin Internahional» бо ҷалби бузургтарин ширкату корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои илмию тадқиқотии Олмон ва дигар кишварҳои ҷаҳон баргузор хоҳад шуд.Мақсад аз чорабинии мазкур мусоидат намудан ба барқарор намудани робитаҳо миёни доираҳои соҳибкории Олмон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ , муаррифии лоиҳаҳо дар соҳаҳои хоҷагии об, ташкили мизҳои мудаввар ва намоишгоҳҳо дар ин мавзуъ, шиносоӣ бо технологияҳои навтарин ва баррасии масъалаҳои лоиҳаҳо ва таъмини самтҳои ҳамкории судманди иқтисодию тиҷоратӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур бо иқдоми Кумитаи шарқии иқтисодиёти Олмон, Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «German Water Partnership» ва Маркази намоишгоҳҳои байналмилалӣ «Messe Berlin» баргузор мегардад.Дар ҷараёни сафар инчунин баимзорасии аҳднома бо ширкатҳои DPU Investment Gmbh ва BAE Batterian Gmbh оид ба васлу насби таҷҳизоти нерӯгоҳҳои офтобӣ ба нақша гирифта шудааст.Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон худи ҳамин рўз мулоқоти вазир бо роҳбарияти ширкатҳои «ANDRITZ HYDRO Gmbh» ва «Voith Hydro Gmbh» баргузор гардид. Қайд кардан зарур аст, ки дар таърихи 13-14 марти соли ҷорӣ бо ин ширкатҳо дар доираи сафари расмии Президенти Австрия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






