Ҳунармандони тоҷик баҳри ҳифзи кӯдакон саҳм мегузоранд
Душанбе , 30 май (АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф).- Тибқи нақшаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми июни соли равон бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар боғҳои фарҳангии пойтахт барномаи консертии муассисаҳои консертӣ баргузор мегардад. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг Маднасим Мадёров иттилоъ дод, барномаи консертӣ дар боғи «Дӯстии халқҳо» Ҳунармандони Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодию консертӣ ва Донишкадаи давлатии санъат ба номи М. Турсунзода, дар Боғи «Кӯли ҷавонон» ҳофизони ансамбли «Сомон», дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ва дар майдони «800-солагии Маскав» ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода ва ҳунармандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов ҳунарнамоӣ мекунанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






