Бонки Исломии Рушд – ҷонибдори рушди иқтисодии Тоҷикистон
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- «Ҳаҷми малбағгузории Бонки Исломии Рушд дар 6 кишвари муштаракулманофеъ ба 6,4 миллиард доллари амрикоӣ баробар гардидааст» — ин нукта дар семинар оид ба имкониятҳои молиявии лоиҳаҳои БИР бо намунаҳои натиҷаовар, ки дирӯз бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода баргузор шуд, зикр гардид. Шариф Раҳимзода бо ёдоварӣ аз нақши барҷастаи БИР ҷиҳати бунёди ҷомеаи навин ва рушди иқтисодии кишвар изҳор дошт, ки ин ниҳоди моливӣ дар самти такмили кадрҳои баландихтисос ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар кишвар саҳми чашмрас дорад. Муовини Директори Бонки Исломии Рушд Берама Саидбе дар навбати худ изҳори дошт, ки БИР ба беш аз 340 лоиҳаи 6 кишвари узви ИДМ (Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон), бо маблағи 6,4 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамояд, ки аз ин 59 лоиҳа бо маблағи 290 миллион доллари амрикоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Ҳадаф аз баргузории семинарии мазкур баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои доираҳои соҳибкории маҳалливу байналмилалӣ ва густариши ҳар чӣ бештари равобити кишварҳои аъзои БИР мебошад. Ҳамчунин, дар семинар якчанд намунаи муваффақи лоиҳаҳои БИР, аз ҷумла лоиҳаҳои хурди Гвиения, омӯзиши олӣ дар Индонезия, лоиҳаҳои хурд оид ба об ва лоиҳаи омӯзиши ибтидоӣ дар Тоҷикистон, лоиҳаи термилани контейнерӣ дар Ҷибутӣ ва мсоли ин баррасӣ гардиданд. Зимнан, дар маҷмуъ Бонки Исломии Рушд аз замони таъсис то имрӯз ба 56 кишвари аъзо, 70 ҷомеаи мусулмоннишин ва кишварҳои ғайри аъзо беш аз 90 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






