Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Май 21, 2013 09:31

Куштор дар Либия Душанбе, 21 май .(АМИТ «Ховар»).- Тавре ки дар сомонаи интернетии www.Hamshahri.com омадааст,ҳафтаи равон дар шаҳри Бенғозии Либия шуъбаи мақомоти полис ҳадафи ҳамла қарор гирифта, 1 нафар ба ҳалокат расида, 7 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Мувофиқи иттилои расида, ҳангоми инфиҷор танҳо ҷинояткори маргталаб қурбон шудааст. Баъди таркиш як қисми бинои қароргоҳи полисро оташ фаро гирифт. Тафтишот дар ҷойи ҳодиса барои муайян намудани шахсияти ҷинояткор ва дигар омилони таркиш идома дорад. Амали террористӣ дар Туркия Душанбе, 21 май .(АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи равон дар шаҳри Анқараи Туркия амали террористӣ содир шуда, таркиш рух дод. . Эҳтимол меравад, ки дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ низ вуҷуд дошта бошад. Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли равон дар шахри Райҳонлии наздикии сарҳади Сурия 2 таркиши шадид ба амал омада, 50 қурбонӣ ва 150 захмӣ бар ҷой гузошта буд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Май 21, 2013 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид