Мусобиқаи футбол оид ба дарёфти «Ҷоми ҷавонон»
Душанбе, 3 май.(АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ бо дастгирии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор ба ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи футбол оид ба дарёфти «Ҷоми ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баргузор менамояд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар мусобиқа дастаҳои ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.Ёдовар мешавем, ки аз 14 то 23 май дар пойтахт даҳаи ҷавонон гузаронида мешавад. Даҳаи ҷавонон дар пойтахт дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонон гузаронида шуда, ҳадафаш татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ, дар сатҳи баланди ғоявию фарҳангӣ ва илмиву маърифатӣ истиқбол намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






