Барномаи Фондҳои ҷамоавӣ дар 20 шаҳру навоҳии Хатлон амалӣ мегардад
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Тибқи ёддошти тафоҳум байни Бонки олмонии рушд /KFW/ ва Бунёди атфоли Созмони Миллали Муттаҳид /СММ/ ниҳоди мазкур дар бахши тозагии санитарӣ-гигиении оби ошомиданӣ ва истифодаи нуқтаҳои санитарӣ барои истифодабарандагони лоиҳаҳои Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон /БМИМТ/ омӯзишҳо мегузаронад»- Ин нуктаро Саидаҳтам Мирзоев директори иҷроияи БМИМТ 12 июл дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон иброз намуда, афзуд, ки дар ин давраи ҳисоботӣ Барномаи Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ» /марҳиллаи 2/ амалӣ гардида истодааст. Назар ба иттилои мудири иҷроияи БМИМТ ҳадафи барномаи мазкур беҳтар намудани шароити таълим дар мактбаҳои таълимоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии минтақаҳои фарогири Барнома бо роҳи қисман бунёд намудани инфраструктураи васеи мактабист. Маблағҳои марҳиллаи дуюми барномаи мазкур, пурра ба соҳаи маорифи вилояти Хатлон равона гардида, 20 шаҳру навоҳии ин вилоят – Кӯлоб, Норак, Сарбанд, А. Ҷомӣ, Бохтар, Ҷилликӯл, Қубодиён, Хуросон, Ҷ. Румӣ, Қумсангир, Н. Хусрав, Панҷ, Шаҳритӯс, Вахш, Ёвон, Данғара, Темурмалик, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархорро дар бар мегирад. Сармояи ин барнома 15,9 миллион $-ро ташкил медиҳад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






