Ифтитоҳи бинои нави филиали бонки саҳҳомии Агроинвестбонк дар Ховалинг

Сентябрь 29, 2013 09:52

Душанбе, 29 сентябр (АМИТ «Ховар»).Дар маркази ноҳияи Ховалинг бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави филиали бонки саҳҳомии Агроинвестбонк ифтитоҳ ёфт.Тавре зикр гардид, дар ин бино 18 нафар мутахассисони маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ гардидаанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти бонк дастур дод, ки маоши кормандон аз 1200 сомонӣ кам набошад.Иттилоъ дода шуд, ки ин филиали Агроинвестбонк то имрӯз ба маблағи 4,2 миллион сомонӣ ба мизоҷон қарз додааст ва беш аз 76%-и ин қарзҳо ба соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ рост меояд.Ҳоло сандуқи қарзии филиал қариб 5 миллион сомонӣ маблағ дорад. Шумораи умумии мизоҷони филиал 1135 нафар будааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 29, 2013 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид