Конфронси «Забону адабиёти рус дар фазои фарҳангии ИДМ»
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- 25 ноябр дар Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон Конфронси илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Забону адабиёти рус дар фазои фарҳангии ИДМ. Натиҷаи истиқлолият» баргузор гардид. Дар кори конфронс директори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Нуралӣ Солеҳов, Сафири ФР дар ҶТ Игор Лякин — Фролов, роҳбари Намояндагии ҳамкории Русия дар ҶТ Владислав Курнушко ва профессорону омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуданд.Нуралӣ Солеҳов зимни суханрониаш мақоми адабиёт дар тарбияи насли наврасро ба таври махсус қайд намуд. «Дар Тоҷикистон Сафорати Русия ва Намояндагии ҳамкории Русия барои такмили ихтисоси омӯзгорон корҳои зиёде анҷом дода, бо иштироки филологҳои Русия конфрону ҷашнвораҳо ташкил карда мешаванд. Алҳол беш аз 4 ҳазор нафар донишҷӯёни Тоҷикистон дар Русия таҳсил мекунанд», — гуфт дар хотима Нуралӣ Солеҳов.Сафир Игор Лякин — Фролов дар навбати худ қайд намуд, ки раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Сергей Наришкин дар ҷараёни сафараш шоҳиди консерти гуворою дилнавози донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон гардида буд. Дар хотима иштирокдорони конфронс бо Маҷмааи тандурустии донишгоҳ ва Маркази хазинаи «Русский мир» шинос шуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






