Ноболиғони ғоратгар
Душанбе, 19.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тавре ки сомонаи ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар ноҳияи Шаҳринав пас аз шикояти шаҳрвандон оид ба далели ғоратгарӣ кормандони милитсия чор нафар ноболиғро ҳамчун гумонбар дастгир намуда, муайян карданд, ки ноболиғон Меҳроб Азимов, соли таваллудаш 1998, Фирдавс Хидиров, соли таваллудаш 2000, Собирҷон Нарзуллоев, соли таваллудаш 2001 ва Манзар Мирзошоев, соли таваллудаш 1997, сокинони ноҳияи Шаҳринав, дар бозори марказии ноҳия бо тариқи зӯроварӣ ва ошкоро аз ноболиғ Муҳаммад Шукуров, соли таваллудаш 1997 як адад телефони мобилии тамғаи «Сони Эриксон» ва дар истгоҳи нақлиётҳои мусофиркаши назди бозори «Сабо» аз шаҳрванд Умар Азимов, соли таваллудаш 1967, як адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбат ба далелҳои мазкур тафтиши пешакӣ идома дорад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






