Ҷамъбасти натиҷаи рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар

Апрель 17, 2014 11:29

Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Кристина Эрлих). —  16  апрел  дар  шаҳри  Душанбе  мулоқоти  муовини  аввали Вазири  рушди  иқтисод  ва  савдои  ҶТ  Неъматҷон  Бӯриев бо  коршиносони  Бонки рушди  Аврупо ва  Осиё,  мудирони  моликияти  Хазинаи зиддибӯҳронӣ  бо  роҳбарии сардори шуъбаи   иҷтимоию  иқтисодии Хазинаи  зиддибӯҳронии Иттиҳоди  иқтисодии  АвруОсиё  Алишер  Мирзоев  баргузор  гардид. 
Тавре  ки  аз маркази  матбуоти Вазорати  рушди  иқтисод  ва  савдои  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ҷонибҳо  дар  ҷараёни  мулоқот  натиҷаи рушди  иҷтимоию  иқтисодии  кишвар  тайи  соли  2013,  омилҳои  асосии  рушди  иқтисодӣ, дурнамои   густариши  иқтисодиёт,  феҳрасти   ислоҳоту дигаргунсозиҳо   дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баъди ворид  шудани  кишвар  ба  Созмони  умумиҷаҳонии  савдо, ҳамчунин  фаъолияти  бонкҳо  ва  низоми  қарздиҳиро  мавриди  муҳокима  қарор  доданд.
Мусоҳибон  ҳамчунин  перомуни таҳияи  барномаи  миёнамӯҳлат, ки  аз қарзҳои Хазинаи зиддибӯҳронӣ  бархӯрдор  мешавад,  табодули  афкор  намуданд.

Апрель 17, 2014 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд