161 ҳолати қонуншиканӣ дар се моҳ
Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Мутобиқи маълумоти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2014 аз ҷониби комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 161 парванда оид ба вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба судҳо ирсол шудааст, ки маблағи умумии ҷаримаи он 594 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин давра дар вилояти Хатлон 57, вилояти Суғд 69, шаҳри Душанбе 18 ва дар шаҳру навоҳии тобеи марказ 17 ҳолати нақзи қонун ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, аз тарафи Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






