Омӯзиши иқтисодчиёни кишвар дар Женева

Апрель 8, 2014 10:47

Душанбе, 08.04.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Як гурӯҳ намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо ва кишоварзии Тоҷикистон дар давраи омӯзишии “Оқибатҳои низоми тиҷорати чандҷониба”, ки дирӯз, 7-уми апрел дар шаҳри Женеваи Швейтсария оғоз шуд, иштирок доранд.
Тавре ки дар ин бора аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) хабар доданд, иштироки намояндагони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар он дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огаҳии ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон доир ба имкониятҳо ва чолишҳои узвияти кишвар дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ имконпазир гардидааст. 
Давраи омӯзишии мазкур, ки то 11-уми апрели соли ҷорӣ идома меёбад, ба ҳайси дарси муқаддимавӣ бо мақсади шиносоии доираҳои соҳибкорӣ ва кормандони давлатӣ бо низоми тиҷорати чандҷониба ва қоидаҳои тиҷоратии СТҶ истифода мешавад.
 Гуфта мешавад, ки коршиносон аз созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, ба мисли Маркази тиҷорати байналмилалӣ, Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ, Маркази машваратии қонунгузориҳои СТҶ ва ҳамчунин мутахассисони қонунгузориҳои тиҷоратӣ аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ шунавандагони ин давраи омӯзиширо бо василаҳои таърифавии дастрасӣ ба бозор, мудирияти гумрук ва танзими он дар чаҳорчӯбаи қоидаҳои ГАТТ, қоидаҳои СТҶ дар мавриди маҳдудиятҳои миқдории содирот ва воридот, муқаррароти зиддидемпингӣ ва истифода аз чораҳои зиддидемпингӣ, кумакҳои молӣ ва мусоидат ба соҳибкорони дохилӣ, баҳогузории мувофиқатии ин мусоидатҳо ба қоидаҳои СТҶ шинос мекунанд.
 

Апрель 8, 2014 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад