Рӯзи ягонаи ахбор дар ноҳияи Б. Ғафуров
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар асоси нақшаи ҳамкории муштараки раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон”-и шаҳри Хуҷанд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотиву тарғиботӣ бурда шуд, ки ба рӯзи ягонаи ахбор дар ноҳия рост омад. Дар он намояндагони гуногуни аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва доираи зиёди шаҳрвандон иштирок доштанд.
Дар чорабиниҳо дар баробари муҳимтарин нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, моҳияти тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷират ба роҳҳои ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва аҳамияти гирифтани полиси суғуртавӣ диққати бештар дода шуд.
Дар чорабиниҳои маърифатии ҷамоатҳои деҳоти Исфисор, Зарзамин ва Исмоил зиёда аз 300 нафар шаҳрванд иштирок кард.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






