Чорабинии маърифатӣ бахшида ба Рӯзи оила
Душанбе, 06.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирўз бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии оила бо ширкати донишҷўдухтарони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ доир гардид. Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар хабар доданд, дар чорабинӣ муовини раиси кумита Мавсума Муинова иштирок карда, доир ба асноди меъёри ҳуқуқии занон дар ҷомеа ва кафолатҳои баробарҳуқуқии марду зан сухан гуфт.Гуфта мешавад, ки ҳадафи баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии духтарон, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, даъвати духтарон ба касбу ҳунар, забономўзӣ ва саҳми онҳо дар таълиму тарбияи фарзандони солим буд.Дар анҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






