Ситоди тиббӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар минтақаи аз офати табиӣ зарардидаи ҷамоатҳои Зайнабобод ва Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ ситоди тиббии ноҳиявӣ ташкил шуд. Ду нуқтаи таҳлияи тиббӣ ба тариқи шабонарӯзӣ ба мардуми зарардида хизмат мерасонад.
Аз рӯзи 12 май корҳои хонагардӣ оғоз шудааст, ки то имрӯз 580 хоҷагӣ бо фарогирии 2180 нафар аҳолӣ бо корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбат ба пешгирии бемориҳои сироятӣ фаро гирифта шуданд. Аз рӯзи аввал аз ҷониби ситоди ноҳиявӣ корҳои безараргардонӣ дар минтақаҳои осебдида ба роҳ монда шуда, дар якҷоягӣ бо сохторҳои дигар ҷасади ҳайвонҳои хонагӣ нобуд ва безарар гардонида шуданд. Тамоми маводи зарурии тиббӣ дастраси ниёзмандон гардонида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ то ҳол идома доранд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






