Телевизорҳои замонавӣ ба қисмҳои низомии вилояти Суғд

Май 21, 2014 11:39

Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 20 май дар театри мусиқавӣ — мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят 20 — солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони мақомоту идораҳои ҳарбӣ, афсарону сарбозону қисмҳои низомии ҳудуди вилоят, намондагони аҳли зиё ҷашн гирифта шуд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ  афсарону сарбозон, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои ҳудуди вилоят ва собиқадорони соҳаро бахшида ба 20 — солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, Артиши миллии муқтадиру муҷаҳҳазро асоси пойдорӣ ва ҳастии ҳар миллату давлат арзёбӣ кард.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтарсозии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва шароити хизматчиёни  ҳарбӣ ҳамасола корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд ва бо ин мақсад ба таври ҳамешагӣ маблағҳои зарурӣ равона  мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз ҳамчунин як гурӯҳ фаъолон бо сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳамаи қисмҳои низомии қувваҳои сарҳадии ҳудуди вилоят бо телевизорҳои замонавӣ таъмин  мешаванд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. 
 
 
 
 
 
 

Май 21, 2014 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид