Тоҷикистон – Филиппин: реҷаи раводид лағв шуд
Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар»). – Дар асоси созишномаҳои баимзорасидаи Тоҷикистону Филиппин акнун шаҳрвандони ҳар ду кишвар барои сайру сафар ба мамлакатҳои якдигар ба гирифтани раводид зарурат надоранд. Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, мувофиқи қоидаҳои нав шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, ки бидуни раводид 30 рӯз дар ҳудуди Филиппин бошанд.Шаҳрвандони Тоҷикистон барои будубош дар қаламрави Филиппин бояд шиносномаи хориҷӣ, чиптаи бозгашт ё чиптаи сафар ба кишвари сеюмро дошта бошанд.Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ба манзури рушди туризм дар кишвар имконияти то соли 2016 бо 80 кишвари ҷаҳон бекор намудани реҷаи раводидро баррасӣ менамояд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






