“Кукнор-2014”: нобудсозии бангдона
Душанбе, 09.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Ҳангоми гузаронидани амалиёти “Кукнор-2014” аз ҷониби кормандони милитсия дар мавзеи Бевафои ноҳияи Шуғнон 1100 бех ниҳолҳои худруйи бангдона, ки вазни холисашон 8 кг-ро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин, дар ҳудуди заминҳои ҷамоати деҳоти Уткансойи шаҳри Истиқлол 520 бех ниҳолҳои худруйи бангдона, ки вазни холиси онҳо 3 кг 200 граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира гардид.
Боз як парвариши ғайриқонунии зироатҳои нашъадор аз боми оғилхонаи шаҳрванд Ғулом Саидхоҷаев, соли таваллудаш 1949, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷиргатол бо 4 бех ниҳоли бангдона дарёфт ва гирифта шуд.
Аз рӯйи ҳодисаҳои мазкур тафтиш идома дорад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






