Назорат пурзӯр мешавад
Душанбе,2.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз оғози соли равон вобаста ба назорати фаъолияти ширкатҳое, ки бо ҷалби қувваи кории хориҷӣ фаъолият доранд, гузаронидани санҷишҳои назоратиро ба роҳ мондааст.Бино ба иттилои ин раёсат, аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти 5-моҳа маълум гардид, ки дар ин давра дар 35 корхонаи муштарак ва ширкат аз ҷониби гурӯҳҳои санҷишии Раёсат санҷишҳои назоратӣ гузаронида шуда, зимни он нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ 27 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст.Ёдовар мешавем, ки аз 12 май то охири ин моҳ дар қаламрави вилояти Суғд низ марҳилаи якуми амалиёти махсуси «Нелегал — 2014» гузаронида шуд, ки аз ҷумлаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии мазкур 19-тоаш дар доираи ҳамин амалиёт оғоз шудааст.Дар маҷмӯъ, сармутахассисони дастгоҳи Раёсат ва гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ аз аввали сол то 29 май 127 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор намуда, парванда оғоз карданд. Дар ин самт хусусан кормандони гузаргоҳи наздисарҳадии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» фаъол мебошанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






